Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пратибҳа Патил мақбари Ҳамадониро зиёрат мекунад


Интизор меравад, ки Пратибҳа Патил -раиси ҷумҳури Ҳиндустон дар ҷараёни боздидаш аз Русия ва Тоҷикистон мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадониро зиёрат кунад. Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аз ҷумлаи шоирон ва донишмандони машҳури қарни 14 буд, ки бори аввал исломро ба Кашмир бурд. Қарор аст дар ҷараёни боздиди худ Пратибҳа Патил дар Русияву Тоҷикистон низ масъалаи Кашмирро баррасӣ кунад. Мирсаил Алии Ҳамадонӣ дар миёни мусулмонони Кашмир эътибори зиёд дорад. Боздиди хонум Патил рӯзи чаҳоршанбе оғоз мешавад ва вай дар рӯзҳои ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG