Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо ба истифодаи лампаҳои каммасраф мегузарад


Дирӯз Кумиссиюни Аврупо гуфт, ки аз аввали моҳи сентябр кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо тадриҷан аз истифодаи лампаҳои тасфанда даст мекашанд ва ба истифодаи лампаҳои каммасраф оғоз мекунанд. Иттиҳодияи Аврупо умед дорад, ки лампаҳои галогени дарозумр ва барои ҳифзи муҳити зист муносиб дар оянда лампаҳои маъмулиро иваз хоҳад кард. Бино ба ҳисоби коршиносони аврупоӣ, истифода аз лампаҳои каммасраф соле масорифи барқи ҳар хонаводаро 71 доллар камтар мекунад ва он дар саросари Аврупо 14 миллиард долларро ташкил медиҳад. Тоҷикистон низ дирӯз эълон кард, ки аз аввали моҳи октябр воридоти лампаҳои маъмулӣ ё тасфандаро иҷоза намедиҳад.
XS
SM
MD
LG