Пайвандҳои дастрасӣ

"Фараж" ҳафтае ду шумора чоп мешавад


Сардабири нашрияи мустақили "Фараж" дар Душанбе эълон кардааст, ки дар оянда ҳафтае ду шумора ин нашрияро аз чоп хоҳад баровард. Ба ин муносибат дирӯз бори аввал "Фараж" шумораи вижаи худро ба хонандагонаш пешкаш кард. То ҳол "Фараж" мисли аксари нашрияҳо рӯзи панҷшанбе ба чоп мерасид. Хуршеди Атовуллоҳ-сардабири ин нашрия ба радиои Озодӣ дар ин бора гуфт:

"Мо тасмим гирифтем, ки аз дигарон як қадам пештар ин амалро анҷом диҳем".

Дар Тоҷикистон "Фараж" нахустин нашрияи мустақил аст, ки ҳафтае ду шумора чоп хоҳад шуд. Сардабири нашрия мегӯяд бо фароҳам омадани имкони молӣ чопи нашрия ҳафтае ба се ё чаҳор шумора хоҳад расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG