Пайвандҳои дастрасӣ

ИА низ ба чароғҳои каммасраф мегузарад


Куммиссиюни Аврупо имрӯз эълон кард, ки ИА аз рӯзи 1 сентябр ба қатъи истифодаи чароғҳои маъмулӣ шурӯъ мекунад. ИА умедвор аст, ки чароғҳои суннатиро бо чароғҳои аз лиҳози ҳифзи муҳити зист беҳтар ва каммасрафи флюорессентӣ ё ҳалогенӣ иваз кунад. ИА мегӯяд, истифодаи чунин чароғҳо барои ҳар хонавода дар сол то 71 доллар ва барои тамоми иқтисоди ИА ҳудуди 14 миллиард доллар фоида хоҳад дод.
Тоҷикистони рӯбарӯ ба камбуди энержӣ низ имрӯз эълон кард, ки аз 1 октябр воридоти чароғҳои маъмулиро манъ мекунад. Бо дастури раисиҷумҳураш, Тоҷикистон бояд то поёни сол пурра ба чароғҳои каммасраф гузарад.
XS
SM
MD
LG