Пайвандҳои дастрасӣ

Муноқиша бо сарбозони НАТО дар "Аргилӣ"


Мақомоти Тоҷикистон ва пойгоҳи НАТО дар Душанбе ба таҳқиқи қазияи муноқишаи байни 3 сарбози фаронсавии ин пойгоҳ ва кормандони як тарабхона дар шаҳри Душанбе шурӯъ кардаанд. Муноқишаи байни сарбозон ва ходимони тарабхонаи “Аргилӣ” дар пойтахти Тоҷикистон шоми шанбе бар сари нархи ғизо рух додааст. Сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сарбозон аз пардохтани пули ғизо саркашӣ кардаанд. Аммо атташеи низомии сафорати Фаронса мегӯяд, муноқиша бо айби сарбозони фаронсавӣ сар назадааст.
Фаронса танҳо узви эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон аст, ки нирӯҳояш дар ҳошияи фурудгоҳи Душанбе мустақар кардааст. Ин пойгоҳи хурд ба таъмини нирӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон машғул аст.
XS
SM
MD
LG