Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷаро бо сарбозони фаронсавӣ дар Душанбе


Даромадгоҳи тарабхонаи "Аргилӣ"
Даромадгоҳи тарабхонаи "Аргилӣ"

Атташеи низомии Фаронса иттилои хабаргурзориҳо дар мавриди латукӯби кормандони ресторани "Аргилӣ" аз ҷониби се низомии фаронсаро рад кард.

Ба дунболи пахш шудани хабарҳо дар мавриди ин ки гуё низомиёни Фаронса кормандони тарабхонаро латукӯб кардаанд, сафорати Фаронса дар тоҷикистон як баёнияи матбуотӣ нашр кард.

Сурайё Воҳидова намояндаи Атташеи низомии Фаронса ба радиои Озодӣ гуфт низомиёни Фаронса ҳамеша бо эҳтиром дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтор мекунанд.

Вай афзуд: "Мувофиқи иттилоъ ва санҷиши шӯъбаи умумри дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ се низомии Фаронса, ки маводи хӯрдании худро пардохт кардаанд, аз ҷониби кормандони тарабхона мавриди тавҳин ва дашноау ҳақоратҳои ғайриинсонӣ қарор гирфтаанд ва ҳудуди 10 корманди ресторан бо шишаҳои нимшикаста низомиёнро таҳдид намуда, ба тарафи онҳо хишт партоб кардаанд. Низомиёни Фаронса кӯшиши кардаанд, ки худро ба марказтари шаҳр ба майдони Исмоили Сомонӣ расонанд ва ба кормандони умумри дохилӣ муроҷиат кунанд. Дар натиҷаи кашокашҳо мудири русторан Анвар Юупов ва се низомии Фаронса ҷароҳат бардоштаанд."

Дар ҳамин ҳол мо барои огоҳӣ аз асли воқеият ба ресторани кучаки "Аргилӣ" воқеъ дар маркази Душанбе дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе омадем.

Вақте ки мо мавқеи кормандони ресторанро пурсон шудем, онҳо хеле дар хашм буданд ва иддаои сафорати Фаронсаро рад карданд, вале ҳозир нашуданд, ба мо сӯҳбат кунанд. Яке аз кормандони ресторан гуфт, ки мо бидуни вакили мудофеи худ ба касе сӯҳбат нахоҳем кард.

Дар ҳоли ҳозир аз тарафи шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбати ин ҳодиса парванда боз шудааст.

Намояндаи низомии Фаронса, Сурайё Воҳидова мегӯяд, низомиёни Фаронса аз моҳи январи соли 2002 дар доираи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳузур доранд.Теъдоди онҳо 300 нафар мебошад.
XS
SM
MD
LG