Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон худро мустақил мешуморад


Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, Қирғизистон мустақил аст ва метавонад, аз вартаи фақр низ наҷот ёбад

Ба гуфтаи оқои Боқиев Қирғизистон ба бунёди иншооти бузурге шурӯъ кардааст, ки мардуми кишвараш роҳандозии чунин иншоотро ҳатто орзу ҳам намекард.

Раҳбари давлати Қирғизистон тазаккур дод, ки ин кишвар нерӯгоҳҳои барқи обӣ бунёд мекунад, ки мислаш дар Осиёи Марказӣ дида нашудааст ва онро бо пули худ месозад.

Вай гуфт, бӯҳрони шадиди молиявӣ кишварҳои дар ҳоли рушдро низ ба мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯбарӯ кардааст ва Қирғизистон аз ин раванд орӣ нест.

Президент Боқиев тазаккур дод, ки дар ин шароити ногувори иқтисодӣ Қирғизистон пеш аз ҳама бояд якпорчагии қаламрави худро ҳифз намояд ва дар пайи он аз нигоҳи иқтисодӣ ба кишвари нерӯманд табдил ёбад. Ба гуфтаи ӯ, кишвараш бори аввал ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки дар бозиҳои глобалии сиёсӣ ширкат хоҳад кард.

Президент устувории қонунро низ таъкид кард ва афзуд, ки ҳар як шаҳрванди Қирғизистон зери ҳимояи қонун қарор дорад ва ба намояндагони ақвом низ ҳаққи ҳимоят аз забон ва фарҳангашон дода шудааст.

Аммо Амонгелдӣ Муралиев, собиқ нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, мардуми кишвараш аз озодиҳои шаҳрвандӣ бархӯрдор нест.

Ба гуфтаи нахуствазири собиқи қирғиз, кишвараш дар ҳоле пеш меравад, ки мардуми он озодии баён ва озодии ҳаққи интихоб дошта бошанд, ору номуси онҳо ҳимоят шавад ва мушкилоташон ба суръати тез ҳал карда шавад.

Муралиев гуфт, вале дар ҳамин ҳол мардуми Қирғизистон ба мушкилоти зиёду печдарпеч мувоҷеҳ аст, ки дар ҳаллу фасли он ҳукумат қодир нест.

Иддае аз коршиносони маҳаллӣ мӯътақиданд, ки рӯзгори хонаводаҳои як қишри ҷомеаи кишварашон аз ҳисоби мардикорӣ дар Русия ва Қазоқистон таъмин мешавад.

Ба гуфтаи ин коршиносон, ҳар сол аз ҳисоби мардикорони қирғиз ба кишвар 650-700 миллион доллари амрикоӣ ворид мегардад, ки дасти кам буҷаи солонаи Қирғизистонро ташкил мекунад. Коршиносон меафзоянд, ки қаблан ин рақам анқариб ба як миллиард доллари амрикоӣ мерасид.

Коршиносон ҳамчунин Қирғизистонро кишваре унвон кардаанд, ки бо тафовут аз давлатҳои ҳамҷавори он дар қаламрави худ ду пойгоҳи низомиро ҷой додааст.

Гуфта мешавад, ИМА солона ба буҷаи Қирғизистон барои истифодаи майдони ҳавоии «Манас» 60 миллион доллар мепардозад, вале Русия, ки нерӯҳои ҳавоии он дар майдони ҳавоии Кант, воқеъ дар 30-километрии шаҳри Бишкек, мустақаранд, ба далели узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ будан аз пардохти ҳаққи иҷора озод аст.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон баъди инқилоби лолаӣ соли чаҳорум аст, ки истиқлолияти худро таҷлил мекунад. Президент Қурмонбек Боқиев 24 марти соли 2005 баъд аз барканории президенти собиқ Аскар Оқоев соҳиби курсии президентӣ шуд ва 23 июл барои навбати дуввум боз ин мақомро ишғол кард.
XS
SM
MD
LG