Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон дар Хазар пойгоҳи баҳрӣ месозад


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар паёмаш ба Шӯрои амнияти миллӣ гуфт, Ишқобод дар шаҳри бандарии Туркманбошӣ дар як минтақаи баҳсиаш бо Озарбойҷон пойгоҳи баҳрӣ хоҳад сохт. Туркманистон – бузургтарин кишвари содиркунандаи газ дар Осиёи Марказӣ бо Озарбойҷон бар сари чанд қаламрави газу нафтхези баҳри Хазар вориди баҳс шудаанд. Бердимуҳаммадов дар моҳи гузашта ба давлаташ дастур дод, ки ин баҳсро ба додгоҳи байналмилалӣ бикашанд.
XS
SM
MD
LG