Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал МакКристал хостори бозбинии стротежӣ шуд


Фармондеҳи нирӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон вазъи феълии он кишварро ҷиддӣ ба қалам дода гуфт, танҳо дар сурати бознигарии стротежӣ метавон ба ҳадаф расид. Генерали амрикоӣ Стенлӣ МакКристал ин паёмро имрӯз дар баробари фармондеҳони Амрикову НАТО дар нишасти деринтизоре, ки ба бозбинии стротежӣ хоҳад пардохт, изҳор дошт. Мақомоти низомӣ аммо нагуфтанд, ки оё МаКристал хостори эъзоми нирӯи изофӣ ба Афғонистон шудааст ё хайр?
Генерал МакКристал феълан фармондеҳии беш аз 100 000 сарбоз, бо шумули 63 000 сарбози Амрикоро дар Афғонистон бар ӯҳда дорад. Беш аз нисфи ин нирӯҳо баъд аз судури дастури се моҳ пеши раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҷиҳати ирсоли нирӯҳои тозанафас ба ин кишвари ҷангзада эъзом шудаанд.
XS
SM
MD
LG