Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз рӯзи таваллуди адиби ҷавон Пӯлод Толис 80 сол ва маргаш 58 сол сипарӣ шуд. Дар бораи ҳаёти эҷодии адиб ва сабабҳои даст ба худкушии задани ӯ Озодӣ бо муовини раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, нависандаи маъруф Абдулҳамид Самад сӯҳбате анҷом дод.

Озодӣ:- Пӯлод Толис дар саҳнаи адабиёти Шӯравии тоҷик муваффақтарин адиби ҷавон буд ва ба истеъдоди ӯ Садриддин Айнӣ қоил шуда буд?

-Бале, Пӯлод Толис аз ҷавонтарин адибони тоҷик буд, ки бо аввалин навиштаҳо ва оғози кор диққати аҳли нақд ва адабро ба худ ҷалб кард. Пеш аз ҳама диққати устод Садриддин Айниро. Устод Айнӣ баъд аз мутолиаи ҳикояи Толис «Студентшавҳо» соли 1948, он вақт Толис 19 сола буд, ба ӯ номаи саркушода навишт. Дар номаи саркушода устод Айнӣ ба истеъдоди фитрии Пӯлод Толис қоил шуд. Садриддин Айнӣ ба Толиси ҷавон гуфт, «адабиёти тоҷик дар шахси Шумо ва аз Шумо сарсабзиҳо умед дорад». Ин баҳои андак нест. Ин сухани пири адабиёт, сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷик буд ба як ҷавон ва наврас. Толис дар айёми наврасӣ, аниқтараш мактабхонӣ, яъне 13-солагӣ, ба навиштани хабару лавҳа, ҳикоя ва мақолаҳо шурӯъ карда буд. Навиштаҳои нахустинаш дар рӯзномаҳои шаҳри Хуҷанд чоп мешуданд.

Озодӣ:-Вақте ӯ ба пойтахт омад, муҳити адабии ин ҷо ӯро чӣ гуна қабул кард, чун сару садоҳо дар маврид зидду нақиз аст?

-Баъди номаи саркушодаи Айнӣ ба ӯ, ки дар он дар бораи покизагии забони модарӣ, истифода аз лаҳҷа, умуман баланд бардоштани сатҳи адабиёт сухан меравад, Толисро ҳама шинохт. Толиси ҷавон ҳамон соли 1948 ҳанӯз бармаҳал дар нахустин машварати адибони ҷавон дар қатори Абдумалик Баҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат бори аввал ба Душанбе сафар кард ва муҳити онвақтинаи адабӣ ӯро хуш пазируфт.

Озодӣ:-Пӯлод Толис дар айёми авҷи камолоти эҷодӣ ва ҷавонӣ даст ба худкушӣ зад ва то ба имрӯз дар бораи даст ба худкушӣ задани адиб фарзияҳо мухталифанд. Гуё, муҳити адабии онвақтаина ӯро фишор меоварданд ва ғайра. Дар ҳоле ки дар замони Шӯравӣ даст ба худкуши задани як адиби муваффақ ҳодисаи калон буд?

-Пӯлод дар синни 31-солагӣ, дар соли 1961 худкушӣ кард. Воқеан, дар даврони Шӯрави худкушӣ кардани як нависанда хеле воқеаи нигаронкунанда буд ва ҳар хел фаҳмида мешуд. Толис як муддате донишҷӯ буд. Донишгоҳро хатм накард. Аз курсии донишҷӯӣ ӯро ба маҷаллаи «Шарқи Сурх» (имрӯза Садои Шарқ) ба кор гирифтанд. Ва дар як муддати кӯтоҳ баъди чопи қиссаи бисёр овозадораш «Тобистон» қиссаҳои дигараш «Ҷавонӣ» ва силсилаҳикояҳояш дар муҳити адабӣ соҳибэҳтиром гардид. Дар ин байн ӯ ба Донишгоҳи адабиёти умумиҷаҳонии Маскав ҳам рафт. Онҷоро низ партофт. Ва баргашта омада, сармуҳаррири маҷаллаи «Шарқи Сурх» шуд. Давраи гулгулшукуфии маҷаллаи «Садои Шарқ» ва рӯ оварданаш ба адабиёти асил ва сахтгириву дастгиири адибон ба давраи сармуҳарририи Толис марбут аст. Зиндагии иҷтимоии онҳо хеле-хеле сангин буд.

Падарашро солҳои 30-юм душманон ба қатл расонида буданд. Толиси хурдсол, ки дар синфи 5-6 мехон,д дар мурофиаҳои судии падараш иштирок мекард. Хабарҳои рӯзномаҳо дар бораи қатли падарашро ҷамъоварӣ мекард. Яъне, зарбаи сахти зиндагиро дар овони наврасӣ ва ҷавонӣ дида буд.

Олами эҷод дар назари хонанда осон аст. Аслан, дуруштиҳо ва бераҳмиҳое ҳам дорад. Дар ҳамон синни ҷавонӣ Толисро аз вазифаи сармуҳарририи «Шарқи Сурх» сабукдӯш карданд. Тассавур кунед, ки як нависандаи ҷавон ва осораш тарҷума шудаанд ва ӯро аллакай бисёриҳо мешинохтанд ва дар ҳавзаи адабӣ эътибори баланд дошт. Як адиби нозукбин ва боистедод дар кӯча монд. Нигоҳубини оила, фарзанд як тараф, модари пир ҳам аз як тараф ва ғайра.

Озодӣ: -Ҳамнаслони Пӯлод Толис дар ин маврид чизеро ёдовар нашудаанд?

-Аз рӯи хотироти устод Гулчеҳра Сулаймонӣ ҳамон вақт Толис ҳатто барои пардохти ҳаққи аъзогии иттифоқ, ки 2 тин буд, имкон надошт. Яъне, дар як ҳолати вазнин афтид. Ва шояд омилҳои дигар ҳам буд, ки ӯ ба андешаи худкушӣ рафт. Чизи муҳим ин аст, ки Пӯлод Толис дар як давраи таҳавуллоти адабиёти навини тоҷик, либос дигар кардани забони адабиёти дар назар дорам охири солҳои 50 ва аввали солҳои 60 дар як маҷаллаи мӯътабар хизматҳои шоён кард. Ва дар радифи Устод Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ҷой гирифт. Дигар ин ки тамоми адибони шинохта ва маҳбуби мо, аз қабили Ғафор Мирзо, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Фазлиддин Муҳаммад, Убайд Раҷаб, устод Мӯъмин Қаноат дар навиштаҳо Пӯлодро бо некӣ ёд мекунанд. Ҳамчун асосгузори насри навини тоҷик.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG