Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон синфи миёна аз қишри хеле муҳим ва соҳиби нақши калидӣ дар тасмимгириҳои ҷомеа унвон мешавад.

Дар интихоботу маъракаҳои сиёсӣ сиёсатмадорон маҳз ба ҳамин синф эътимоди бештар қоиланд ва ба пуштибонии ҳамин қишри ҷомеа сахт ниёз доранд.

Ҷомеаи Тоҷикистон низ аз ин канор нест. Ва ибтидо бояд ба таҳқиқ бигуем, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон, албатта синфи миёна ҳаст, ҳарчанд мушаххас нест, ки чанд дарсади ҷомеа шомили ин қишр ҳастанд. Аммо синфи миёнаҳоли Тоҷикистон, бо ченак, бо тарозу, бо меъёрҳо ва мизони зиндагии ҷомеаи Тоҷикистон баркашида мешавад ва муайян мегадад. Зеро синфи миёнаи ҷомеаи Тоҷикистонро барои мисол бо синфи миёнаи Олмон ё Бритониё намешавад баробар ҳисоб кард.

Зеро агар синфи миёнаҳоли Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 5 ҳазор доллар даромад дошта бошад, шояд ин рақам дар Бритониё 100 ҳазор доллар аст ва синфи миёнаи Тоҷикистон бо ин даромади худ ба гурӯҳи мардуми қашшоқ дар ҷомеаи кишварҳои пешрафта баробар мешавад.

Пажӯҳишгарони бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бар инанд, ки дар Тоҷикистон нафареро, ки бештар аз 500 сомонӣ, каме бештар аз 100 доллар дар як моҳ даромад доранд, мешавад, шомили қишри миёнаи ҷомеа кард. Аммо бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ, гурӯҳи мардуме, ки имкони захира ва ё пасандоз кардани 30 дарсади даромади моҳонашро дорад, шомили синфи миёна аст. Пас, дар Тоҷикистон мешавад дар як моҳ бо каме бештар аз 100 доллар зиндагӣ кард ва бар изофа 30 дарсади онро захира намуд?

Маҳз ин суол навобардори Радиои Озодиро ба сӯҳбати мардум бурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG