Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирпаронӣ дар маркази Тошканд


Тибқи хабарҳо тирандозӣ дар Тошканд дар наздикии ҳамин масҷид ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи хабарҳо тирандозӣ дар Тошканд дар наздикии ҳамин масҷид ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар як тирандозӣ дар пойтахти Узбакистон, Тошканд, тибқи хабарҳо ба камияш ду нафар ба ҳалокат расида, чандин тан захмӣ шудаанд.

Ин даргирӣ дар қисмати қадимии Тошканд, рӯзи шанбе байни полис ва афроди номаълум ба амал омада, ҳамчунин аз даргириҳое дар минтақаҳои дигари Тошканд низ гузоришҳои тасдиқношуда расидаанд.
Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин ҷо ду зан кушта шуданд. Манбаъҳои дигар мегӯянд, ки чандин милиса ҷароҳат бардошта, ба бемористони аввали шаҳрӣ, ки дар ҳамин наздикист, бурда шуданд. Аммо сохторҳои давлатӣ то ҳол хабаре дар ин бора нашр накардаанд...

Хабарҳои доғ аз Узбакистон дар ҳоле мерасанд, ки он кишвар дар остонаи рӯзи истиқлолияташ – 1 сентябр – марзҳои худро бо ҳамсоякишварҳо баставу дар арафаи ин ид дар Тошканд аз “тадобири бесобиқаи амниятӣ” кор гирифтааст.

Мақомоти Узбакистон то кунун аз ҳар навъ ташреҳи рӯйдодҳои хунине, ки шоми шанбе пойтахти ин кишвар, шаҳри Тошкандро ларзонд, худдорӣ меварзанд.

Аммо бино ба хабарҳои расида, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона байни нирӯҳои милиса ва як гурӯҳи силоҳбадастони ношинос дар наздикии масҷиди Кӯкча ва бемористони аввал дар қисмати қадимаи шаҳр Тошканд дастикам 2 нафар, бо шумули як раҳгузар ва ду маъмури милиса кушта ва се афсари дигари мақомоти интизомии Узбакистон захмӣ шудаанд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, нерӯҳои милиса, бо шумули афсарони ОМОН, ин минтақаро печонида, ду нафареро, ки мехостанд дар як манзили дуқабата дар ин минтақа паноҳ бубаранд, ҳадафи оташ қарор доданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, даргирӣ миёни нирӯҳои давлатӣ ва афроди мусаллаҳ дар дохили бино ҳудуди 20 дақиқа идома кардааст.

Сурат Икромов, як фаъоли ҳуқуқи башар, ки ҳамагӣ як соат баъд аз ин задухӯрд худро ба маҳаллаи Кӯкча расонда ва бо чанд тан аз шоҳидон сӯҳбат кардааст, мегӯяд: “Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин ҷо ду зан кушта шуданд. Манбаъҳои дигар мегӯянд, ки чандин милиса ҷароҳат бардошта, ба бемористони аввали шаҳрӣ, ки дар ҳамин наздикист, бурда шуданд. Аммо сохторҳои давлатӣ то ҳол хабаре дар ин бора нашр накардаанд.”

Расонаҳои минтақаӣ дар бораи ба маҳалли задухӯрд рехтани чандин зиреҳпӯш ва мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” низ хабар додаанд.

Сомонаи интернетии “Фарғона.Ру” аз ҷумла аз қавли шоҳидон навишт, ки дар ҳамон шаби шанбе ба якшанбе дар чандин қисмати дигари Тошканд, аз ҷумла дар минтақаи "Алгоритм", дар атрофи бозори "Фарҳод" ва ҳам дар дастикам се кӯча дар ноҳияи Челонзор низ даргириҳо рух доданд.

Вале ин гузоришҳо аз ҷониби манобеъи мустақил ҳанӯз тасдиқ нашудаанд ва то кунун хабарҳои нашршуда дар бораи шумори куштаҳову захмиҳо низ расман таъйид ё такзиб нашудааст.

Мақомоти Узбакистон ҳанӯз расман рӯйдодҳои ахири Тошкандро ташреҳ накардаанд, вале дастикам як сомонаи интернетии узбакӣ аз мақомоти Вазорати умури дохилии он кишвар нақли қавл кардааст, ки даргирӣ дар маҳаллаи Кӯкчаро амалиёти милиса алайҳи ҷинояткорони номӣ унвон кардаанд.

Даргириҳои хунин дар Тошканд дар ҳолест, ки Узбакистон ба таҷлили солгарди навбатӣ ва 18-уми Рӯзи истиқлолияти ин кишвар ва ҳам ба ҷашни 2200-солагии пойтахт, шаҳри Тошканд омодагӣ мегирад. Таҷлил аз Рӯзи истиқлолият дар Узбакистон маъмулан чанд рӯз идома меёбад ва давлат аз ин ҷашн ба хотири таблиғи дастовардҳояш истифода мебарад.

Маъракаҳои ҷашни Рӯзи истиқлолият дар Узбакистон одатан паёми раисиҷумҳур Ислом Каримов ба мардум, афви теъдоде аз зиндониён аз ҷониби президент ва ҳам як силсила нишастҳои расмӣ ва сайру консертҳоро дар бар мегирад.

Матбуоти Узбакистон ахиран хабар дод, ки дар остонаи маъракаҳои таҷлили аз Рӯзи истиқлолият ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар нави таҳдиди эҳтимолии амниятӣ “тадобири бесобиқаи амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст.” Узбакистон чун ҳарсола имсол низ дар арафаи ин ҷашн марзҳои худ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба хотири пешгирӣ аз вуруди тундравон ва дигар гурӯҳҳои силоҳбадаст марзҳояш бо Қирғизистонро баст.

Дар моҳи май низ Узбакистон ба чунин як мавриди хушунат рӯбарӯ шуда буд. Як гурӯҳи мусаллаҳ он дафъа посгоҳи марзии Хонободро дар вилояти Андиҷон ҳадафи ҳамла қарор дод. Ин ҳамла ба дунболи чанд таркиш дар шаҳри Андиҷон, ки мақомот дар анҷоми он ҳамлаҳо бомбгузорони маргталабро муҷрим шинохтанд, рух дод.

Тошканд низ тайи 10 соли охир шоҳиди чандин ҳамлаи хушунатомез будааст. Силсилаи бомбгузориҳо дар моҳи феврали соли 1999 дар пойтахти Узбакистон, ки иншооти давлатиро ба ҳадаф дошт, 16 кушта ва ҳудуди 120 захмӣ ба ҷо гузошт. Дар моҳҳои март ва апрели соли 2004 силсилаи ҳамлаҳои маргталабона дар Тошканду Бухоро, ки зоҳиран алайҳи мақомоти милиса анҷом шуда буд, мунҷар ба ҳалокати наздики 50 нафар, бо шумули ҳам ҷангиён ва ҳам афсарони милисаву мардуми оддӣ шуд.

Дар моҳи июли соли 2004 бомбгузориҳои хунини интиҳорӣ алайҳи сафоратхонаҳои Амрикову Исроил дар Тошканд анҷом шуд, ки давлати Узбакистон дар он гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ, аз ҷумла Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизб-ут-Таҳрир ва гурӯҳи Ҷиҳоди исломиро муттаҳам карда буд.
XS
SM
MD
LG