Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Колумбия ба зукоми хук печидааст


Раисиҷумҳури Колумбия Алваро Урибе ба бемории зукоми хук гирифтор шудааст. Бино бар хабарҳо, вазъи сиҳҳати Урибеи 57-сола чандон бад набудааст ва ӯ дар қароргоҳи раёсатҷумҳурӣ табобат мегирад, на дар кадом бемористон. Урибе рӯзи ҷумъа, дар нишасти сарони кишварҳои қораи Амрикои ҷанубӣ дар Барилочеи Аргентина ҳисс кардааст, ки мариз мешавад.
Алваро Урибе баъд аз президенти Коста-Рика Оскар Ариас дуввумин раҳбари кишвар аст, ки ба зукоми хук мепечад.
XS
SM
MD
LG