Пайвандҳои дастрасӣ

Довудуғлӯ Ироқу Сурияро оштӣ доданист


Вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудуғлӯ ба хотири дубора оддӣ сохтани равобити ду ҳамсоякишвар ба Ироқу Сурия сафар мекунад. Равобити Бағдоду Димишқ вақте ба таниш печид, ки Ироқ Сурияро ба додани паноҳгоҳ ба таҳиягарони бомбгузории пурқурбонии ахир дар Бағдод айбдор кард.
Бино ба хабарҳо, Аҳмад Довудуғлӯ ба баргузории як мулоқоти оҷили вузарои хориҷаи Сурияву Ироқ дар Туркия исрор хоҳад варзид. Туркия, узви паймони низомии НАТО ва номзад ба узвияти ИА, тайи солҳои охир талош дорад, дар низоъҳои минтақавӣ ба ҳайси миёнҷӣ баромад кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG