Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби ҳокими Ҷопон иваз мешавад


Сарвазири Ҷопон Таро Асо гуфт, ки ба дунболи шикасти ҳизби либерал-демократ дар интихоботи саросарӣ аз раҳбарии ин ҳизб истеъфо хоҳад дод. Дар интихоботи рӯзи якшанбе аксари курсиҳои маҷлиси поёнии парлумони Ҷопонро ҳизби мухолифи демократ ба даст оварда, ба ҳукумати панҷоҳсолаи ҳизби либерал-демократ дар ин кишвар поён дод. Бар асоси назарсанҷиҳо, демократҳо 308 курсӣ аз 480 сандалии парлумонро соҳиб хоҳанд шуд.
Интизор меравад, дар иҷлосияи парлумон, ки то ду ҳафтаи оянда даъват хоҳад шуд, раҳбари ҳизби демократ Юкио Ҳатояма сарвазир интихоб шавад. Ӯ дар ҳоле умури давлати Ҷопонро ба даст мегирад, ки дуввумин иқтисоди бузурги дунё ба пасрафти шадиди иқтисодӣ ва мизони бесобиқаи бекорӣ рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG