Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар дар як задухӯрд дар Тошканд


Бино ба хабарҳо, ахиран бар асари як задухӯрд дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, дастикам 2 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бахши узбакии Радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ки ин даргирӣ рӯзи шанбе дар қисмати қадимаи Тошканд рух додааст. Бино ба хабарҳо, задухӯрд ба дунболи дар як бинои истиқоматӣ муҳосира шудани як гурӯҳи мусаллаҳ оғоз ёфта, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар ин даргирӣ 4 ходими пулис ҷароҳат бардоштаанд. Хабари задухӯрд аз Тошканд дар ҳоле омад, ки Узбакистон ба таҷлили солгарди 18-уми истиқлолияташ дар рӯзи 1 сентябр омодагӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG