Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин паймони Молотов-Риббентропро маҳкум кард


Сарвазири Русия паймони соли 1939 байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони нозӣ имзошударо, ки бештар бо номи паймони Молотов-Риббентроп маъруф аст, ҳамчун як санади "ғайриахлоқӣ” маҳкум кард. Дар номаи саркушодае, ки рӯзномаи лаҳистонии "Gazeta Wyborcza" нашр кард, Путин қатли дастаҷамъии Катинро низ маҳкум кард. Дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон нирӯҳои шӯравӣ дар ин минтақа беш аз 20 000 афсари артиш ва равшанфикрони Лаҳистонро куштанд.
Нашри ин изҳори назариёти сарвазири Русия дар ҳолест, ки қарор аст, ӯ рӯзи сешанбе ҳамроҳ бо як силсила аз раҳбарони дигари ҷаҳон дар шаҳри Гдански Лаҳистон дар маросими ёдбуди солгарди 70-уми оғози ҷанги дуввуми ҷаҳон ширкат варзад.
XS
SM
MD
LG