Пайвандҳои дастрасӣ

"Аида" дар театри Айнӣ дубора гузошта шуд


Баъд аз 27 сол операи “Аида”- оҳангсози шӯҳратёри итолиёӣ Ҷузеппе Вердӣ дигарбора дар театри опера ва балети ба номи Айнӣ ба саҳна гузошта шуд. Нахустнамоиши “Аида” дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи шанбе баргузор шуд.
Гуфта мешавад, “Аида”-ро ин бор дирижёри театри маъруфи “Ла Скала”-и Милан Жерардо Каллела ба саҳна гузошта, ба ин намоиш ҳам ҳунармандони театри Айнӣ ва ҳам ҳунарпешагон аз театри опера ва балети Қазоқистон ба номи Абай ҷалб шудаанд. Ин опера дар Душанбе бори охир соли 1982 гузошта шуда буд. “Аида” дар театри Айнӣ ин бор бо забони модарии Вердӣ - итолиёӣ ба забон омад.
XS
SM
MD
LG