Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон вазъи нирӯгоҳҳояшро бозрасӣ мекунад


Як манбаъ дар ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, садамаи пурқурбонӣ дар нирӯгоҳи Саяно-Шушенск, бузургтарин нирӯгоҳи Русия, мақомоти ин ширкатро ба таҳқиқи вазъи фаннии кулли нирӯгоҳҳои мавҷуд дар Тоҷикистон маҷбур мекунад. Ин мақом ба вижа таҳқиқи вазъи фаннии нирӯгоҳҳои ҳамнасли нирӯгоҳи Саяно-Шушенск, аз ҷумла нирӯгоҳҳои Норак ва Қайроқумро муҳим номида, гуфт, ки “Барқи Тоҷик” ба ин манзур як ҳайъати хос ташкил додааст.
Бар асари садамаи рӯзи 17 август дар нирӯгоҳи Саяно-Шушенск дастикам 75 нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG