Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду ноболиғ дар як садама дар Балҷувон


Субҳи якшанбеи 30 август бар асари як садамаи нақлиётӣ дар роҳи байни минтақаи Салоҳбек ва маркази ноҳияи Балҷувон ду ноболиғ ҳалок шуда ва се ноболиғи дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ронандаи мошини сарозершудаи ГАЗ-53 худ дар ин сониҳа осеб надидааст. Аз оғози сол дар роҳҳои Тоҷикистон 1026 садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари ин сониҳаҳо 276 нафар кушта ва 1201 нафар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG