Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ССКА «Помир» ва «Истиқлол» - дар финали Ҷоми Тоҷикистон


Ду дастаи шаҳри Душанбе - ССКА «Помир» ва «Истиқлол» - ба бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2009 роҳ ёфтанд.

ССКА «Помир» бозии ҷавобии ниманиҳоиро 29-уми август дар майдони худ бо «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Бозии аввал бо ғалабаи ССКА «Помир» бо ҳисоби 2:0 хотима ёфта буд.

«Регар» ТадАЗ бошад, 30-юми август дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода аз тими меҳмон – «Истиқлол» бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Фирдавс Қурбонов, бозигари «Истиқлол» дар дақиқаи 6-ум ҳисобро боз кард. Ду голи дигари меҳмононро дар нимаи дуввуми бозӣ Дилшод Восиев (дақиқаи 62-юм) ва Орзу Додхудоев (75-ум) ба самар расонданд. Ба бозигари мизбонон Комил Саидов дар дақиқаи 85-ум муяссар шуд, ки тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон карда, ҳисобро тағйир диҳад. Бозии аввали ниманиҳоӣ низ бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 3:2 поён ёфта буд.

Бад-ин тартиб дар бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2009, ки 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ССКА «Помир» ва «Истиқлол» қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Барандагони Ҷоми футболи Тоҷикистон:
1992 - "Помир" (Душанбе)
1993 - "Ситора" (Душанбе)
1994 - "Равшан" (Кӯлоб)
1995 - "Пахтакор" (Ҷаббор Расулов)
1996/1997 - "Вахш" (Қӯрғонтеппа)
1997/1998 - "Хуҷанд" (Хуҷанд)
1998 - "Варзоб" (Душанбе)
1999 - "Варзоб" (Душанбе)
2000/2001 - "Регар" ТадАЗ (Турсунзода)
2001/2002 - "Регар" ТадАЗ (Турсунзода)
2002 - "Хуҷанд" (Хуҷанд)
2003 - "Вахш" (Қӯрғонтеппа)
2004 - "Авиатор" (Бобоҷон Ғафуров)
2005 - "Регар" ТадАЗ (Турсунзода)
2006 - "Регар" ТадАЗ (Турсунзода)
2007 - "Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров)
2008 - "Хуҷанд" (Хуҷанд)
XS
SM
MD
LG