Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии дзюдо байни мардону занон, ки дар шаҳри Роттердами Ҳоланд бо ширкати 540 варзишгари 99 кишвари 5 қораи дунё тӯли 5 рӯз идома кард, шоми 30-юми август ба анҷом расид.

Дар ду рӯзи ахири мусобиқа мардон дар вазнҳои то 90 кг, то 100 кг ва беш аз 100 кг қувваозмоӣ карданд.

Паҳлавони тоҷик Парвиз Собиров, ки бар асоси қуръакашӣ бидуни рақобат ба даври баъдӣ роҳ ёфта буд, дар даври дуввум бар гуштигири Фаронса Николас Бриссон пирӯз шуда, баъдан аз Доминикю Ҳишер (Швейтсария) мағлуб гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни то 100 кг бар паҳлавони Босния Амел Мекич дастболо шуд, вале сипас аз Ҳенк Грол (Ҳоланд) шикаст хӯрд.

Шавкат Иқболов низ дар вазни беш аз 100 кг аввал бар Густаво Гатариои аргентинӣ ғолиб шуд, вале баъдан аз намояндаи Куба Оскар Брайсони кубагӣ мағлуб гашт.

Дар даврҳои муқаддамотӣ, инчунин, се намояндаи Тоҷикистон - Ҷамшед Халилов дар вазни то 60 кг, Фарҳод Раҳимов дар вазни то 73 кг ва Шералӣ Бозоров дар вазни то 81 кг ноком гашта, аз идомаи мубориза барои ҷавоизи мусобиқа маҳрум шуда буданд.

Ҳамин тариқ, аз 6 паҳлавони тоҷик ягон нафар соҳиби медал нашуд. Инчунин, гуштигирони тоҷик аз ҷойҳои намоёни 5-ум ва 7-ум низ бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи пешин соли 2007 паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев дар вазни то 73 кг барандаи медали биринҷӣ шуда буд. Вале ӯ дар сабқати имсолаи ҷаҳонӣ ширкат накард ва Тоҷикистон аз медал бенасиб монд.

Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии дзюдо дар Ҳоланд
Мардон:
-60 кг
1. Георгий Зантария (Укроин)
2. Хироаки Хираока (Ҷопон)
3. Хованнес Довтян (Арманистон)
3. Элио Верде (Италия)
-66 кг
1. Тсакаанбаатар Хашбаатар (Муғулистон)
2. Сукои Уриарте (Испания)
3. Миклош Унгвари (Маҷористон)
3. Ан Ёонг Хван (Кореяи Ҷанубӣ)
-73 кг
1. Ки Чун Ванг (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Чол Су Ким (Кореяи Шимолӣ)
3. Мансур Исоев (Русия)
3. Дирк Ван Тичелт (Белгия)
-81 кг
1. Иван Нифонтов (Русия)
2. Сергей Шундиков (Беларус)
3. Ким Жа Бум (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Оле Бишоф (Олмон)
-90 кг
1. Ли Куй Вон (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Кирилл Денисов (Русия)
3. Дилшод Чориев (Узбакистан)
3. Ҳешам Месбаҳ (Миср)
-100 кг
1. Максим Раков (Қазоқистон)
2. Ҳенк Гролл (Ҳоланд)
3. Рамадан Дарвиш (Миср)
3. Такамаса Анаи (Ҷопон)
+100 кг
1. Тедди Ринер (Фаронса)
2. Оскар Брайсон (Куба)
3. Мариус Пашевикус (Литва)
3. Абдулло Тангриев (Узбакистан)

Занон:
-48 кг
1. Томоко Фукуми (Ҷопон)
2. Ориана Бланко (Испания)
3. Юнг Ёнг Чунг (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Фредерик Жосине (Фаронса)
-52 кг
1. Мисата Накамура (Ҷопон)
2. Янет Бермой (Куба)
3. Ана Карракоса (Испания)
3. Роми Таранкул (Олмон)
-57 кг
1. Моркан Рибо (Фаронса)
2. Тельма Монтейро (Португалия)
3. Кифоят Гасимова (Озарбойҷон)
3. Ҳедвик Каракас (Маҷористон)
-63 кг
1. Ёши Уено (Ҷопон)
2. Элизабет Виллебурде (Ҳоланд)
3. Клаудиа Малсах (Олмон)
3. Элис Шлесингер (Исроил)
-70 кг
1. Юри Алвар (Колумбия)
2. Анет Межарос (Маҷористон)
3. Худа Милед (Тунис)
3. Мина Ватанабе (Ҷопон)
-78 кг
1. Маринде Веркерк (Ҳоланд)
2. Марина Пришепа (Укроин)
3. Хёйде Волерт (Олмон)
3. Сан Ю (Чин)
+78 кг
1. Тонг Вен (Чин)
2. Карина Брайнт (Британияи Кабир)
3. Идалис Ортиз Бокурт (Куба)
3. Маки Сукада (Ҷопон)

Кишварҳое, ки соҳибони медалҳо шудаанд:
1. Ҷопон – 3 тилло; 1 нуқра, 3 биринҷӣ
2. Кореяи Ҷанубӣ – 2 тилло, 3 биринҷӣ
3. Фаронса – 2 тилло, 1 биринҷӣ
4. Ҳоланд – 1 тилло, 2 нуқра
5. Русия – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ
6. Укроин – 1 тилло, 1 нуқра
7. Чин – 1 тилло, 1 биринҷӣ
8. Қазоқистон – 1 тилло
9. Муғулистон – 1 тилло
10. Колумбия – 1 тилло
11. Испания – 2 нуқра, 1 биринҷӣ
12. Куба – 2 нуқра, 1 биринҷӣ
13. Маҷористон – 1 нуқра, 2 биринҷӣ
14. Британияи Кабир – 1 нуқра
14. Кореяи Шимолӣ – 1 нуқра
16. Беларус – 1 нуқра
16. Португалия – 1 нуқра
18. Олмон – 4 биринҷӣ
19. Узбакистон – 2 биринҷӣ
20. Миср – 1 биринҷӣ
21. Италия – 1 биринҷӣ
22. Озарбойҷон – 1 биринҷӣ
23. Арманистон – 1 биринҷӣ
23. Белгия – 1 биринҷӣ
23. Исроил – 1 биринҷӣ
23. Италия – 1 биринҷӣ
23. Тунис – 1 биринҷӣ
XS
SM
MD
LG