Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳури Колумбия Алваро Урибе дуввумин президенте гашт, ки ба зукоми хук гирифтор шуд.

Хабаргузориҳо бо такя ба маъмурияти раисҷумҳури Колумбия навиштаанд, нишонаҳои нахустини гирифторӣ ба маризии зукоми хук дар раисҷумҳури Колумбия рӯзи ҷумъаи гузашта, 28-уми август, пас аз бозгашташ аз як нишасти раисҷумҳурони кишварҳои Амрикои ҷанубӣ дар як шаҳраки аргентинӣ зуҳур кардааст.

Фардояш, рӯзи шанбеи 29-уми август, ҳоли раисҷумҳур Урибе бад шуда, ба ӯ ёрии пизишкон лозим шудааст.

Феълан, вазъи ӯ хуб арзёбӣ шуда, дар қароргоҳои беруназшаҳрии худаш муолиҷа мегирад ва ҳам умури идораи кишварро низ дар даст нигоҳ доштааст.

Дар Колумбия 621 ҳодисаи гирифторӣ ба зукоми хук сабт гардида, 29 нафар аз ин маризӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Алваро Урибе дуввумин раисҷумҳурест, ки ба зукоми хук гирифтор мешавад. Қаблан, президенти Коста-Рико Оскар Ариас, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, низ ба ин зуком мубтало гардида буд. Пизишкон гуфтаанд, ҷаноби Ариас аз ин маризӣ комилан шифо ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар шоҳигарии Баҳрайн нахустин марг аз зукоми хук сабт шуд. Як зани тақрибан 30-сола ба Манама, пойтахти Баҳрайн аз Осиёи ҷанубӣ-шарқӣ омада будааст. Ҳувияти ин зан ва миллаташ ошкор нашудааст, чун зан бо худ санаде надоштааст.

Қаблан, ин шоҳигарии хурди арабӣ тақрибан 200 гирифтори зукоми хукро муолиҷа карда, аз шифохонаҳо ҷавоб додааст.

Шумори қурбониёни зукоми хук аз оғози вабо то ба охири август, бино бар омори Созмони ҷҳаонии беҳдошт, қариб 2200 нафарро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG