Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманеӣ хостори муҳокимаи "ҷинояткорон" шуд


Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон аз телевизиони милии кишвараш гуфтааст, ҳар касе, ки ба гуфтаи вай, бар зидди мардум дар нооромиҳои баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ "ҷиноят" содир кардааст, ба муҷозот кашонда мешавад. Хоманеӣ дар мулоқоте бо донишмандон гуфтааст, низом бо чунин одамон муросо нахоҳад кард. Баъд аз эълони пирӯзии зиддунақизи Маҳмуди Аҳмадинежод дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 12-ӯми июн дастикам дар тазоҳуроти эътрозӣ 30 нафар кушта шуданд. Тақрибан 4 000 нафар боздошт шудаанд, ки дар миёни онҳо 140 нафар ислоҳталабони аршад ва рӯзноманигорон ба муҳокимаи додгоҳ кашонда шудаанд.
XS
SM
MD
LG