Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Колумбия ба зукоми хук гирифтор шуд


Алваро Урибе-раиси ҷумҳури Колумбия ба бемории зукоми хук гирифтор шудааст. Вай 57 сол дорад ва интизор намеравад, ки ин беморӣ ба ҳаёти вай таҳдид кунад. Табибон дар иқоматгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба муолиҷаи вай шуруъ кардаанд. Вай рӯзи ҷумъа вақте, ки дар Барилоче-шаҳре дар Аргентина дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ширкат дошт, худро бемор эҳсос кардааст.
XS
SM
MD
LG