Пайвандҳои дастрасӣ

Шар-Шар роҳи Душанбе-Кӯлобро 40 дақиқа камтар кард


Дирӯз дар Тоҷикистон нақби Шар-Шар, ки дар 80 километрии роҳи автомобилрави Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб қарор дорад, ба таври расмӣ гушоиш ёфт. Дарозии ин нақб 2 223 метр буда, сохтмони онро роҳсозони Чин моҳи октябри соли 2006 оғоз карданд. Дар сохтмони он 38 миллион доллар сарф шуд. Баъд аз истифодаи ин нақб роҳи Душанбе-Кӯлоб 40 дақиқа аз вақти пешин камтар шудааст ва худи роҳ 7 километр кӯтоҳтар шудааст. Дар маросими гушоиши нақб Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва соири мақомоти расмии ин кишвар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG