Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинежод аз вазирони кобинааш дифоъ кард


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон аъзои пешниҳодии кобинаи давлати худро дар баробари иттиҳомоти намояндагони ҳам ислоҳотталаб ва ҳам муҳофизакори порламон, ки ин аъзои пешниҳодшудаи кобина дорои тахассуси зарурӣ нестанд, дифоъ кард. Намояндагони ҳар ду ҷониб аз Аҳмадинежод интиқод карданд, ки вазирони пешниҳодкардааш ҳангоми тасвиб дар порламон ба мушкил дучор хоҳанд шуд. Тибқи пешниҳоди вай кобина аз 21 вазир иборат хоҳад буд ва се нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Барои онҳо вазоратхонаҳои маориф, беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод шудааст.
XS
SM
MD
LG