Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Исроил Олмертро дар фасод айбдор мехонад


Сарвазири пешини Исроил Еҳуд Олмерт дар фасод муттаҳам мешавад. Дафтари Додситони кулли Исроил имрӯз хабар дод, ки айбнома алайҳи сарвазир имрӯз ба додгоҳи Байтулмуқаддас фиристода шудааст. Дар ин санади иборат аз 61 саҳифа раҳбари собиқи ҳукумат дар қаллобӣ, сӯистифода аз эътимод, сабти номи асноди тақаллубӣ ва ҳамчунин ришватситонӣ аз як тоҷири амрикоӣ муттаҳам шудааст. Додситонӣ ёвари сарвазир Шула Закенро ҳам дар даст доштан дар фасоду ришват айбдор хондааст.
Еҳуд Олмерт то ҳол ин иттиҳомро ташреҳ накардааст. Моҷарои марбут ба фасод соли гузашта сарвазирро маҷбур карда буд, ки ба истеъфо равад.
XS
SM
MD
LG