Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Махфигоҳҳо дар Пактико торумор шуданд


Вазорати дифоъи Афғонистон ва ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ аз муваффақ анҷом ёфтани амалиёти муштарак алайҳи гурӯҳи мусаллаҳон ва махфигоҳҳои онҳо дар шарқи кишвар хабар доданд. Гуфта мешавад, ки бар асари ин амалиёт теъдоди бузурги мусаллаҳони мухолифини ҳукумат кушта шудаанд ва аммо иттилоъи дақиқ дар ин бора то ҳол зери даст нест. Амалиёт дар минтақаи Урғуни вилояти Пактико дар наздикиҳои марзи Покистон сурат гирифт. Низомиёни афғон мегӯянд, ки мусаллаҳони кушташуда бо шабакаи Ал-Қоида робита доштанд.
XS
SM
MD
LG