Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии демократҳои Ҷопон наздик аст


Дар Ҷопон баршумурдани баргаҳои раъй дар интихоботи парлумонӣ идома дорад. Тибқи иттилоъи расида, дар ин маъракаи сиёсӣ ҳизби мухолифи ҳукумат – ҳизби демократӣ пешсаф аст ва ҳадс зада мешавад, ки тақрибан 300 курсӣ дар парлумони дорои 480 ҷойро соҳиб шавад. Коршиносон қаблан пирӯзии ин ҳизб аз болои ҳизби ҳукмрони либерал-демократии сарвазир Таро Асоро пешгӯӣ мекарданд.
Раҳбари демократҳои Ҷопон Юкио Хатояма ба интихобкунандагон ваъда дод, ки бештар рӯи масоили иҷтимоӣ тамаркуз хоҳад кард ва дар сиёсати беруна ба равобит бо ҳамсояҳои осиёӣ нисбат ба равобит бо Амрико бартарӣ хоҳад дод.
Барои 480 курсии парлумонӣ 1374 номзад талош карданд. Ҳизбе, ки дасти кам 241 мандати парлумонро соҳиб мешавад, ҳаққи ташкили ҳукуматро пайдо хоҳад кард. Натоиҷи расмии интихоботи парлумонӣ рӯзи душанбе, 31 август эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG