Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақби Шаршарро боз карданд ва Озодӣ ном ниҳоданд


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостори тағйири номи нақби Шаршар ба нақби Озодӣ шуд.

Вай ин пешниҳодашро дар расми ифтитоҳи расмии ин нақб ироа дошт. Оқои Раҳмон гуфт, бурунрафт аз бунбасти нақлиётӣ аз аҳдофи стратегии Тоҷикистон аст ва нақби Шаршар як ҳалқаи занҷири барномаҳои ҳукумати ин кишвар аст, ки барои бехатар кардани ҳаракати мардуму соҳибкорон дар дохил ва ба хориҷи кишвар равона шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, нақби Шаршар масофаи роҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғараро 7 километр ва вақти сафарро 40 дақиқа кам мекунад.

Сохтмони нақби Шаршар соли 2006 аз сӯи Ширкати роҳу нақбсозии Чин шурӯъ шуда, бо беш аз 120 миллион сомонӣ, муодили 38 млн. доллари амрикоӣ тамом шудааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон бар равобити ҳасанаи кишвараш бо Чин таъкид карда, гуфт, ин қарз нест, балки тӯҳфаи Чин аст.

Тибқи иттилоъи расмӣ, Чин ҳамчунин азнавсозии роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро ба маблағи ҳудуди 700 млн ва хати барқи Шимол-Ҷанубро бояд ба маблағи беш аз 200 млн доллар соли 2010 ба охир расонад. Аз ин хотир, дар ҳоли ҳозир Чин сармоягузори аслии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва тибқи иттилоъи расонаҳо, то ба ҳол беш аз 2 млрд. сармоя барои тарҳҳои гуногуни иқтисодии Тоҷикистон тахсис додааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар интиҳои маросими расмии ба истифода додани нақби Шаршар ва инак, Озодӣ аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки ба маблағи фитри рӯза ба мардуми нодор чароғҳои каммасрафро фитр диҳанд. Рӯзи шанбе раисҷумҳури Тоҷикистон бо як қарор дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон воридоти чароғҳои қаблии маъруф ба чароғҳои Иличиро манъ кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин тасмимоташро таъмини амнияти энержии Тоҷикистон арзёбӣ кард, ки ҳамасола дар фасли сармо мувоҷеҳ ба мушкили барқ мешаванд. Тибқи иттилоъи расмӣ, Тоҷикистон ҳамасола ба аз 3 то 5 млрд киловат соат барқ эҳтиёҷ дорад.
XS
SM
MD
LG