Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Эрон ҳайати ҳукумати навро баррасӣ мекунад


Имрӯз дар Маҷлиси Эрон раъйдиҳӣ ба ҳайати кобинаи вазирон, ки аз сӯи раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод пешниҳод шудааст, доир мешавад. Интизор меравад, ки атрофи бархе аз номзадҳо баҳсҳои шадид сурат бигирад. Аз ҷумла, довталаби курсии вазири саноати нафт Масъуд Миркозимӣ аз нигоҳи бархе вакилони Маҷлис, барои ишғоли ин мақом таҷрибаи кофӣ надорад.
Баъд аз эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн дар Эрон бузургтарин бӯҳрони сиёсӣ дар 30 соли ахир ба вуқӯъ пайваст. Ҷонибдорони номзадҳои ноком натоиҷи расмии интихоботро зери шубҳа бурданд ва даст ба тазоҳуроти густарда заданд. Бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозии мухолифин, ба иттилоъи расмӣ, 26 нафар ва ба иддаои ҳомиёни ҳуқуқи башар беш аз сад нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG