Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи сарнавиштсоз дар Ҷопон


Дар Ҷопон интихоботи парлумонӣ идома дорад. Интизор меравад, ки дар ин маъракаи сиёсӣ ҳизби мухолифи ҳукумат – ҳизби демократӣ аз болои ҳизби ҳукмрони либерал-демократии сарвазир Таро Асо пирӯз шавад. Раҳбари демократҳои Ҷопон Юкио Хатояма ба интихобкунандагон ваъда дод, ки бештар рӯи масоили иҷтимоӣ тамаркуз хоҳад кард ва дар сиёсати беруна ба равобит бо ҳамсояҳои осиёӣ нисбат ба равобит бо Амрико бартарӣ хоҳад дод.
Барои 480 курсии парлумонӣ 1374 номзад талош мекунанд. Ҳизбе, ки дасти кам 241 мандати парлумонро соҳиб мешавад, ҳаққи ташкили ҳукуматро пайдо хоҳад кард. Ҳисобу китоби баргаҳои раъй ҳамин бегаҳ, баъди баста шудани қитъаҳои интихоботӣ шурӯъ мешавад ва натоиҷи расмии раъйдиҳӣ рӯзи душанбе, 31 август эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG