Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақби Шар-Шар боз шуд


Рӯзи 30-уми август маросими расмии ифтитоҳи нақби Шар-Шар, дар километри 80-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб баргузор гардид.

Дар ин маросим раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард ва гуфт, ағбаи Шар-Шар даҳсолаҳо барои ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади одамон хатари ҷиддӣ эҷод мекард. Президенти Тоҷикистон гуфт, ин нақб дар таъмини робитаҳои доимии нақлиётӣ миёни манотиқи кишвар ва ҳамчунин дар эҳёи Роҳи бузурги Абрешим аҳаммияти калон дорад ва иншооти стратегӣ мебошад.

Сохтмони ин нақб бо тӯли 2224 метр, роҳи даромаду баромади 5 километр ва пуле бо дарозии 180 метр, тирамоҳи соли 2006 оғоз шуда буд ва барои сохтмони он ҳукумати Чин 38 миллион доллар қарзи дарозмуддат ихтисос дода буд.

Нақби Шар-Шар дар баробари шоҳроҳи Душанбе-Чанак, нақби Шаҳристон, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Лолазор-Хатлон ва Ҷануб-Шимол аз намунаи сармоягузориҳои бузурги Чин дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Президент Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз соли нахусти истиқлол дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаи Чинро эҳсос мекунад.

Нақби Шар-Шар роҳ аз Душанбе ба Кӯлобро 7 километр камтар ва 40 дақиқа кӯтоҳтар мекунад.

Дар суханронии президент Раҳмон, ки дар торнамои расмияш нашр шудааст, омадааст, аз соли 2000-ум то имрӯз дар кишвар бо сарфи зиёда аз 3 миллиарду 200 миллион сомонӣ 1480 километр роҳҳои таъйиноти гуногун таъмиру таҷдид гардида ё роҳҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ҳукумат ҳадаф дорад, то бо ҷалби зиёда аз 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ азнавсозии 400 километр роҳҳои мамлакат ва сохтмони оғозгардидаи пулу нақбҳои оғозкардаро пурра анҷом дода, кишварро то ҷашни 20-солагии истиқлол аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан раҳо намояд.
XS
SM
MD
LG