Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз нахустин озмоиши ҳастаӣ дар СССР 60 сол гузашт


Имрӯз аз нахустин озмоиши бомби ҳастаӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ 60 сол сипарӣ мешавад. Ин озмоиш 29 августи соли 1949 дар наздикиҳои шаҳри Семипалатински Қазоқистон ба думболи озмоиши силоҳи ҳастаӣ дар ИМА сурат гирифт. Тайи 40 сол дар озмоишгоҳи Семипалатинск беш аз 450 озмоиши ҳастаӣ доир шуд, ки аз нерӯи он аз бомби амрикоии ба Хиросима дар соли 1945 партобшуда дуву ним ҳазор карат бештар аст. Аз ин озмоишҳо ба беш аз миллион нафар осеб расидааст ва аммо мутахассисон мегӯянд, ки муқаррар кардани теъдоди дақиқи зарардидагон ғайримумкин аст. Мақомоти шӯравӣ дар кӯчонидани мардуми наздик ба полигони ҳастаӣ ба манотиқи бехатар коҳилӣ карданд.
XS
SM
MD
LG