Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду нафар дар таркиш дар бозори Шоҳҷой


Бар асари як ҳамлаи маргталабона дар вилояти Зобул, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, ду сокини осоишта кушта ва беш аз бист тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Абдул Қаюм, як афсари воломақоми полиси Зобул гуфт, ҳодиса дар бозори шаҳраки Шоҳҷой дар ҳоле рух дод, ки он ҷо сарбозони амрикоӣ ҳузур доштанд. Ӯ афзуд, ки маргталаб савори мотосикл худро ба издиҳоми мардум задааст.
Намояндаи нерӯҳои ИМА дар пойгоҳи Багром рух додани ҳамларо тайид кард ва аммо аз тавзеҳоти бештар, аз ҷумла, дар бораи теъдоди қурбониёни ҳодиса, худдорӣ намуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG