Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кеннедӣ дар Арлингтон макони охират пайдо мекунад


Сенатори собиқ Эдвард Кеннедӣ имрӯз дар оромгоҳи миллии Арлингтони канори Вошингтон ба хок супурда мешавад. Дар ин ҷо ду баробари ӯ - Ҷон Кеннедӣ, ки замони раиси ҷумҳурияш дар соли 1963 бар асари сӯиқасд кушта шуд ва Роберт Кеннедӣ, ки соли 1968 дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботии президенти ИМА ба ҳалокат расид, макони охират пайдо кардаанд.
Маросими видоъ бо Эдвард Кеннедӣ дар зодгоҳаш шаҳри Бостон идома дорад. Қарор аст, ки дар маросими дафн дар оромгоҳи миллии Арлингтон раисиҷумҳури Амрико Барак Обама суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG