Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии дзюдо дар шаҳри Роттердами Ҳуланд ҷараён дорад.

Дар рӯзи севуми мусобиқа мардон дар вазни то 81 кг қувваозмоӣ карданд. Паҳлавони тоҷик Шералӣ Бозоров, ки бар асоси қуръакашӣ бидуни рақобат ба даври баъдӣ роҳ ёфта буд, дар даври дуввум аз гуштигири Узбакистон Шавкат Муминов мағлуб шуд.

Ёдовар мешавам, ки дар даврҳои муқаддамотӣ, инчунин, ду намояндаи Тоҷикистон - Ҷамшед Халилов дар вазни то 60 кг ва Фарҳод Раҳимов дар вазни то 73 кг - ноком гашта, аз идомаи мубориза барои ҷавоизи мусобиқа маҳрум шуданд.

Ҳамин тариқ аз 6 паҳлавони тоҷик 3 нафар сабқатро ба анҷом расонданд. Боз се нафари дигар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Парвиз Собиров дар вазни то 90 кг ё бо Николас Бриссони фаронсавӣ ё бо Майкл Пински олмонӣ қувва меозмояд. Рақиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни то 100 кг паҳлавони Босния Амел Мекич ва рақиби Шавкат Иқболов дар вазни беш аз 100 кг намояндаи Аргентина Густаво Гатарио мебошанд.

Вале паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев, ки дар мусобиқаи пешини ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кг барандаи медали биринҷӣ гашта буд, 28-уми август дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз он изҳори таассуф кард, ки дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат варзида натавонист ва Тоҷикистон аз медал бенасиб монд. Расул Боқиев афзуд: «Аз Олимпиадаи Пекин як сол гузашт. Дар ин муддат ман аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар ягон дастгирӣ надидам. Нақшаи омодагии ман ба мусобиқоти байналмилаливу ҷаҳонӣ ва Олимпидаи соли 2012 тартиб дода нашуд. Маро аз рӯйхати варзишгароне, ки ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Корея ҷалб шуда буданд, хат заданд. Инчунин баъди Олимпиада аз стипендияи Кумитаи олимпӣ маҳрум шудам. Пас аз чунин муносибат ва беэътиноии раҳбарону масъулини соҳа нисбати ман ба хулосае омадам, ки ман ҳамчун варзишгар дигар барои Тоҷикистон даркор нестам. Бинобар ин ман маҷбурам, ки аз номи кишвари дигар дар мусобиқот иштирок кунам».

Дар вазни то 73 кг рақиби аслии Расул Боқиев - Ки Чун Ванг, аз Кореяи Ҷанубӣ, боз ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Чол Су Ким, аз Кореяи Шимолӣ дуввум шуд. Мансур Исоев, аз Русия ва Дирк Ван Тичелт, аз Белгия дар ҷойҳои севум қарор гирифтанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон дар Ҳуланд то 30-юми август идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG