Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони 4 узви Ал-Қоида дар Тоҷикистон


Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 4 нафарро бо ҷурми узвият дар шабакаи террористии Ал-Қоида ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Хабаргузории “Авасто” менависад, сокини ноҳияи Ҷиликӯл Мирзовалӣ Холов, ки гуфта мешавад, дар авоили солҳои 90 ба Афғонистон рафта, соли 1998 ба Ал-Қоида пайвастааст, ва сокини ноҳияи Вахш Билоли Мӯсозода, ки ба гуфтаи додгоҳ, соли 1994 барои таҳсил ба мадрасаи Имом Бухории Покистон рафта, соли 1998 узви Ал-Қоида шудааст, 15-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Носир Ғуломҳайдаров ва Абдусаттор Абдуллоев ҳарду ба 8 соли маҳбас маҳкум шуданд.
Мӯсомир Ӯроқов, қозии мурофиа ба хабаргузории “Авасто” гуфтааст, ин афрод, ки дар моҳҳои март ва апрели соли равон аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуданд, тибқи банди 187-и Қонуни ҷиноӣ ба ташкили созмони ҷиноӣ муттаҳам мешуданд.
XS
SM
MD
LG