Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон ҷуброни осебҳои имконпазирро мехоҳад, Тоҷикистону Қирғизистон ба пешгирӣ аз хисороти эҳтимолӣ бартарӣ медиҳанд.

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ барои омода кардани созишномаи минтақаӣ дар бахши амнияти иншооти гидротехникӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Муҳимтарин пешниҳоди мо ин аст, ки нахуст бояд дар нигоҳдорӣ ва истифодаи иншооти дорои аҳамияти байнидавлатӣ ҳамсоякишварҳо саҳмгузорӣ кунанд...

Ба гуфтаи Роберт Бу -- мушовири минтақаии масоили муҳити зисту истифодаи замини Созмони Милали Муттаҳид, аз 1200 сарбанде, ки дар минтақа мавҷуданд, беш аз 100-тоаш сарбандҳои калон буда, дар иқтисодиёти минтақа нақши умда доранд ва чун онҳо 40-50 сол пеш бунёд гардидаанд, ҳоло хатарнок шудаанд.

Дар масъалаи бартараф кардани ин хатар ва таъмини амният, тавре намояндаи СММ мегӯяд, назарҳои кишварҳои болооб ва поёноб гуногун ва ҳатто мухолифи ҳамдигар аст ва ҳадаф аз ин барнома ба ҳам наздик сохтани ин мақсадҳост.

Бу гуфт: «Дар ин ҷо манфиатҳои гуногуни кишварҳои болооб ва поёноб мавҷуданд. Ва мо мекӯшем, ки як барномаи умумиро барои рушди ҳамкорӣ пайдо намоем.»

Дар ҷаласа асосан баҳс атрофи пешниҳоди Ӯзбакистон ва Қазоқистон --кишварҳои дар поёноби рӯдхонаҳои Ому ва Сир ва Қирғизистону Тоҷикистон кишварҳои болооб ҷараён гирифт.

Темур Камолов –раиси Идораи бозрасии давлатии хоҷагии оби Ӯзбакистон изҳор кард, ки «ҳама иншооти гидротехникии Осиёи Марказӣ , ки дар давраи шӯравӣ сохта шудаанд, ҳолати фаннӣ ва амнияти баҳрабардории онҳо барояшон мӯҷиби алоқамандӣ ва ҳам хатари ҷиддист.»

Ҷониби Ӯзбакистон дар тарҳи ин созишнома пешниҳод кард, ки дар ҳолати рух додани ягон фалокат дар обанборҳо ва ё нерӯгоҳҳои минтақа кишвари дорои он иншоот бояд масъулият дошта бошад ва хисоротро ҷуброн намояд.

Вале ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи ин назар баромаданд . Рустам Латифов, намояндаи Вазорати обу обёрии Тоҷикистон гуфт, «муҳимтарин пешниҳоди мо ин аст, ки нахуст бояд дар нигоҳдорӣ ва истифодаи иншооти дорои аҳамияти байнидавлатӣ ҳамсоякишварҳо саҳмгузорӣ кунанд, мисли обанбори Қайроқум. Яъне хароҷоти он фақат бар дӯши Тоҷикистон набошаду дигар давлатҳо, ки агар фоидаи он иншоот каме ҳам бошад ба онҳо бирасад, онҳо низ ширкат кунанд. Баъд мо пешниҳоди Узбакистонро дар бораи ҷуброни садамаҳои иншооти гидротехникӣ рад кардем ва гуфтем, ки ин қоидаву қонуни худро дорад ва механизми хеле мураккаб аст ва ҳеч давлат инро бар ӯҳдааш нагирифтааст ва чунин таҷриба ҳам нест дар дунё. Мо таъкид кардем, ки давлат тамоми чораҳоро мебинад, ки аз чунин садамаҳо ҷилавгирӣ кунад."

Тавре намояндаи Вазорати обу обёрии Тоҷикистон иброз дошт, назари Тоҷикистонро ҳуқуқшиноси байналмилалие, ки дар ҳамоиш ширкат дошт, низ ҷонибдорӣ кардааст ва гуфтааст чунин таҷрибаи ҷуброни хисорат аз ҷониби кишвари соҳиби иншоот дар арсаи байналмилалӣ вуҷуд надорад ва аз сӯи дигар бо чунин пешниҳодҳо наметавон ба омода кардани созишнома даст ёфт.

Дар ҳамин ҳол Роберт Бу, мушовири минтақаии масоили муҳити зисту истифодаи замини СММ низ дар посух ба пурсиши радиои Озодӣ изҳор кард, ки «ба оқибатҳои чунин садамаҳо кишвари соҳиби иншоот ба андозае масъулият дорад, вале на масъулияти ҳуқуқӣ, ки боиси ҷуброн кардани хисорати садама гардад.»

Алексей Зрянов --муовини раиси идораи истифода ва тармими нерӯгоҳҳои барқии Қирғизистон низ комилан ба мавқеи Ӯзбакистон муқобил аст ва вай таъкид мекунад, ки ба ҷои чунин шартгузорӣ бояд кишварҳо барои таъмини амнияти сарбандҳо саҳм бигиранд.

Ӯ афзуд: «Ба ҳама кишварҳои алоқаманди минтақа пешниҳод мекунем, ки бо тавофуқ ба ин масъала муносибат намоянд ва дар таъмини амният бо саҳми хеш ширкат кунанд. Дар ин ҳолат кафолат ҳосил мешавад ва комёбӣ низ имкон дорад ба даст ояд. Мо алъон набояд дар бораи ҷуброни хисорот, балки пешгирӣ аз эҳтимоли он ҳарф занем."

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки тарҳи созишномаи минтақаӣ дар бахши амнияти иншооти гидротехникӣ дар Осиёи Марказӣ боз дар ҳар кишвар аз ҷониби ҳукуматҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор хоҳад гирифт ва пешниҳоду назарҳои кишварҳо боз омӯхта хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG