Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии сафири Қазоқистон аз тарҳи Nabucco


Сафири Қазоқистон дар Озарбойҷон Серик Пиримбетов рӯзи ҷумъа дар Боку гуфт, кишвараш аз лӯлаи гази Nabucco, ки бо пуштибонии ИА бояд ссохта шавад, пуштибонӣ мекунад.
Хабаргузории Интерфакс аз қавли сафир навишт, ки Қазоқистон ҳамеша ҷонибдори хутути гуногуни ҳалу нақл буд ва ба ин далел аз тарҳи Nabucco ҳимоят мекунад.
Пиримбетов гуфт, масоили марбут ба соҳоти энержӣ рӯзҳои 11-13 сентябр дар як нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои соҳили баҳри Хазар дар бандари Оқтави Қазоқистон мавриди баҳси руъасои ҷамоҳири Қазоқистону Озарбойҷон ва Русияву Туркманистон қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG