Пайвандҳои дастрасӣ

Хачидзе ба 6 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи низомии Русия як афсари аршади артишро бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Гурҷистон ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ дар шаҳри Ростови лаби Дон подполковник Михаил Хачидзеро дар ҷамъоварӣ ва таҳвили иттилоот ба мақомоти махфии Гурҷистон муҷрим шинохт. Тафтишот мегӯяд, Хачидзе ду сол қабл ба ҳамкорӣ бо мақомоти Тифлис шурӯъ карда, барои иттилооти ба Гурҷистон супурдааш 2000 доллар гирифтааст.
Хачидзе моҳи августи соли гузашта, ҳамагӣ чанде баъд аз ҷанги кӯтоҳи байни Русияву Гурҷистон бар сари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ боздошт шуд. Бо ҳукми додгоҳ, ӯ акнун аз унвони низомиаш низ маҳрум мешавад.
XS
SM
MD
LG