Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри "Қуръон"-и тоҷикӣ дар Бишкек


Нашриёти «Из Басма»-и шаҳри Бишкек тарҷумаи китоби муқаддаси «Қуръони Карим»-ро ба забони тоҷикӣ интишор кард.

Гуфта мешавад, ки Иттиҳодияи байналмилалии ҷавонони мусалмон, мақараш дар Бишкек, маблағгузории чопи тарҷумаи ин китобро бар ӯҳда дошт.
Бори аввал аст вай шоҳиди ҳодисае мешавад, ки дар шаҳри Бишкек тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ ва хати сирилик ба нашр расид...

Қанатбек Тошбой, ҷонишини мудири Иттиҳодияи байналмилалии ҷавонони мусалмон, мақараш дар Бишкек, гуфт, ки тарҷумаи ин китоб ба теъдоди 10 000 нусха аз чоп баромад.

Вай гуфт, 3 ҳазор нусхаи он ба минтақаҳои тоҷикнишини Қирғизистон фиристода мешаванд.

Ба гуфтаи Қанатбек Тошбой, аммо 7 ҳазор нусхаи тарҷумаи китоби Қуръон барои бародарони тоҷикистонӣ тӯҳфа хоҳад шуд.

Оқои Тошбой ҳамчунин иброз дошт, ки Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар мавриди ба маҳалҳои тоҷикнишини ин кишвар дастрас кардани китоби муқаддаси Қуръон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи муовини мудири Иттиҳодияи байналмилалии ҷавонони мусалмон, иқдоми панҷ нафар ҳомиёни арабтабор буд, ки корҳои табъу нашри тарҷумаи китоби Қуръон дар шаҳри Бишкек тайи муддати хеле кӯтоҳ ба анҷом расид.

Равшанбек Собиров, раиси созмони тоҷикони Қирғизистон, дар моҳи шарифи Рамазон ба хонаводаҳои тоҷиктабори кишвараш дастрас шудани тарҷумаи китоби муқаддаси «Қуръони Карим»-ро ҳодисаи басо хурсандибахш арзёбӣ кард.

Оқои Собиров аз номи созмони тоҷикони Қирғизистон ба мақомоти Иттиҳодияи байналмилалии ҷавонони мусалмон ва афроде, ки дар интишори таҷмумаи китоби «Қуръони Карим» саҳми молӣ гиифтаанд, арзи ташаккур кард.

Вай афзуд, фаъолони созмоне, ки сарварии он бар дӯши ӯст, ин амали хайр, яъне ба маҳалҳои тоҷикнишин дастрас кардани тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръонро бо сарбаландӣ иҷро хоҳанд кард.

Амриддини Кабир, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, ки дар маросими тақдими даҳ ҳазор нусха тарҷумаи китоби «Қуръони Карим» ҳузур дошт, ба радиои Озодӣ чунин гуфт: «Бори аввал аст вай шоҳиди ҳодисае мешавад, ки дар шаҳри Бишкек тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ ва хати сирилик ба нашр расид."

Оқои Кабирӣ афзуд, акнун тоҷикони муқими Қирғизистон имкон пайдо хоҳанд кард, ки ба маънии оятҳои «Қуръони Карим» сарфаҳм раванд.

Асомиддин Саидов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон низ чопи тарҷумаи китоби «Қуръони «Карим»-ро ба забони тоҷикӣ дар Бишкек барои мардуми тоҷики муқими Қирғизистон ва тамоми тоҷикистониён як ҳодисаи хурсандибахш арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG