Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими видоъ бо Кеннедӣ дар Бостон идома дорад


Дар шаҳри Бостон маросими видоъ бо сенатори маъруфи амрикоӣ Эдвард Кеннедӣ идома дорад. Ҷанозаи Кеннедӣ барои видоъ дар толори китобхонаи президентии ба номи бародари ӯ Ҷон Кеннедӣ гузошта шудааст.
Интизор меравад, рӯзи шанбе дар салоти ҷанозаи ин сиёсатмадори маъруф дар калисои ҷомеъи Бостон раисиҷумҳури кунунии Амрико Барак Обама низ ширкат биварзад. Эдвард Кеннедӣ, ки рӯзи сешанбе дар синни 77-солагӣ аз саратони мағз даргузашт, дар оромгоҳи миллии Арлингтон дар канори бародаронаш Ҷон ва Роберт Ба хок супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG