Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон хабари "Gazeta Wyborcza"-ро радд кард


Маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хабарҳо дар бораи лағв шудани барномаи бунёди пойгоҳҳои зиддимушакии Амрико дар Лаҳистону Чехияро такзиб кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филип Кровлӣ матлаби рӯзномаи лаҳистонии " Gazeta Wyborcza" -ро “носаҳеҳ” номид ва гуфт, бозбинии ин барномаи дифоъи зиддимушакӣ аз ҷониби маъмурияти Обама ҳанӯз такмил нашудааст.
"Gazeta Wyborcza" ҳадс зада буд, ки Амрико аз баҳри барномаи бунёди ҷузъутомҳои сипаризиддимушакиаш дар Лаҳистону Чехия гузашта, барои он маконҳои наве, аз ҷумла дар Исроилу Туркия меҷӯяд.
Маъмурияти президенти собиқи Амрико Ҷорҷ Буш ин барномаи дифоъиро ба хотири дифоъ аз ҳамлаҳои мушакии кишварҳое, назири Эрон, таҳия карда буд. Ин барнома мояи мухолифати шадиди Русия шуд, ки таҳдид карда буд, дар посух ба истиқрори ин пойгоҳҳо дар Лаҳистону Чехия тадобири ҷавобӣ хоҳад андешид ва аз ҷумла мушакҳои навъи “Искандар”-ашро дар вилояти ғарбии Калининград насб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG