Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёфт шудани зани ҳанӯз 18 сол пеш рабудашуда


Дар Амрико занеро, ки 18 сол қабл, ҳанӯз дар синни 11-солагиаш рабуда шуда буд, пайдо кардаанд. Бино ба хабарҳо, вазиъ сиҳҳати ӯ хуб аст ва зану шавҳаре, ки бовар меравад, Ҷейсӣ Лӣ Дагардро ин ҳама сол дар асорат нигоҳ медоштанд, дастгир шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин зан, ки феълан 29 сол дорад, худро ба як шӯъбаи пулис дар халиҷи Сан-Франсиско супурда гуфтааст, ӯ ҳамон Ҷейсӣ Дагард аст, ки ҳанӯз соли 1991 аз назди манзилаш дар шаҳри Соуф Лейк Таҳо рабуда шуда буд.
Карл Пробин, падарандари Ҷейсӣ таассуроташро аз шунидани ин хабар чунин қисса кард: “Мо комилан шок шудем, чунки медонед, 18 сол гузаштааст. Вақте ҳамсарам занг зад ва гуфт, ки “онҳо Ҷейсиро ёфтанд”, сипас ягон 10 сония таваққуф кард ва баъд афзуд, ки “ӯ зинда аст”. Сипас мо ҳарду ягон 10 дақиқаи дигар гиристем.”
Пулис мегӯяд, марди боздоштшудаи 58-сола, ки қаблан ҳам бо ҷурми таҷовуз ба номус маҳкум шуда буд, зоҳиран падари ҳарду фарзандест, ки Ҷейсӣ дар асорат ба дунё овардааст.
XS
SM
MD
LG