Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи хушунатҳои хунин дар Қафқози шимолӣ


Бино ба хабарҳо, шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар як даргирӣ бо нирӯҳои милиса дар ҷумҳурии Доғистони Русия 3 ҷангии мусаллаҳ кушта шудаанд. Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ин гурӯҳи мусаллаҳ ба як посгоҳи милиса ҳамла овард, вале баъдан нирӯҳои давлатӣ онҳоро муҳосира гирифта, ба ҳалокат расондаанд. Мақомот мегӯянд, касе аз нирӯҳои давлатӣ дар ин даргирӣ осеб надидааст.
Дар ҳамин ҳол, бар асари ду таркиши маргталабона дар минтақаи Шалии Чеченистон, 6 нафар, бо шумули 3 маъмури милиса ҷароҳат бардоштаанд.
Рӯзи ҷумъа вазъи амниятии минтақаи Қафқози шимолӣ дар мулоқоти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо намояндагони аҳли дин ва раҳбарони ҷумҳуриҳои ин минтақаи тобеъи Русия низ баҳс шуд.
XS
SM
MD
LG