Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гимпу ба раисии парлумони Молдова пешбарӣ шуд


Парлумони Молдова Миҳай Гимпу, узви эътилофи аҳзоби рӯ ба Ғарбро номзад ба раисии ин маҷлис пешбарӣ кард. Вакилони коммунист қаблан нахустин иҷлосияи ҳайъати нави парлумони Молдоваро тарк карданд. Ҳизби коммунист ҳар навъ имкони ташкили эътилоф бо аҳзоби либералро радд мекунад. Эътилофи рӯ ба Ғарб, ки интихоботи 29 июлро бурд, барои ташкили кобинаи вазирон шумори кофии курсиҳои парлумонро дар даст дорад, вале теъдоди вакилонаш барои интихоби номзади ин эътилоф ба курсии раёсатҷумҳурии Молдова кифоят намекунад. Аз ин рӯ, мавзӯъи интихоби нафаре, ки Владимир Воронини коммунистро дар курсии президентии Молдова иваз кунад, ҳамоно печида боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG