Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи сафир аз равобити хуби Душанбеву Тошканд


Рӯзи ҷумъа дар толори китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бахшида ба солгарди 18-уми истиқлолияти Узбакистон, ки рӯзи 2 сентябр таҷлил мешавад, як намоишгоҳи китобҳову аксҳо ифтитоҳ шуд. Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов дар ин маросим гуфт, алорағми ахбори мунташира дар матбуот ва арзёбии ба ном таҳлилгарону сиёсатшиносон, равобити Узбакистону Тоҷикистон ба таври устувор пеш мераванд ва байни ду кишвар мушкиле вуҷуд надорад. Масоили резае, ки дар ин равобит вуҷуд дорад, ба гуфтаи сафир, масоили табиист, ки ҳатто байни ду бародар метавонд бархезад ва ин масоил аз роҳи гуфтугӯву мулоқотҳо ҳалл мешаванд.
Аммо ин дар ҳолест, ки вуҷуди низоми раводид, мушкили равуо, масоили баҳсӣ дар марзи тӯлонии байни ду кишвар ва мушкилоти мавҷуд дар соҳоти энержӣ, аз ҷумла дар масъалаи газ ва транзити нирӯи барқ аз мавзӯъҳоест, ки ба гуфтаи нозирони умур, равобити Душанбеву Тошкандро тақрибан ҳамеша хадшадор нигоҳ медорад.
XS
SM
MD
LG