Пайвандҳои дастрасӣ

Расми видоъ бо ал-Ҳаким дар фурудгоҳи Бағдод


Раҳбарони Ироқ рӯзи ҷумъа ба хотири видоъ бо ҷанозаи яке аз рӯҳониёни пурнуфузи шиъаҳои ироқӣ Абдулазиз ал-Ҳаким дар фурудгоҳи Бағдод гирди ҳам омаданд. Ал-Ҳаким рӯзи чоршанбе бар асари саратони шуш дар Теҳрон даргузашт ва ҷанозааш рӯзи ҷумъа аз Теҳрон оварда шуд. Абдулазиз ал-Ҳаким, ки ҳудуди 20 солро дар ғурбат дар Эрон ба сар бурд ва соли 2003, танҳо баъд аз суқути давлати Саддом Ҳусайн тавонист ба Ироқ баргардад, раҳбарии Шӯрои олии исломӣ, бузургтарин ташаккули сиёсии шиъаҳои Ироқро бар ӯҳда дошт.
Дар расми видоъ бо ал-Ҳаким дар фурудгоҳи Бағдод раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Талабонӣ, сарвазир Нурӣ Моликӣ, раҳбарони дигари ин кишвар ва сафирони Амрикову Бритониё ширкат карданд. Моликӣ дар ин маросим аз ҷумла гуфт: “Вақте ки диктатура суқут кард, шумо дар хатти пеши ҷабҳа дар байни онҳое будед, ки масъулияти эъмори Ироқи ҷадид, таъсиси равандҳои сиёсӣ ва ташкили муассисоти давлатии ин Ироқи навро бар дӯш гирифтед.”
Ҷанозаи ал-Ҳаким аз Бағдод барои анҷоми як маросими дигари видоъ ба шаҳри муқаддаси Карбало бурда шуда ва рӯзи шанбе дар Наҷаф ба хок супурда мешавад.
Рӯзи панҷшанбе дар расми видоъ бо раҳбари Шӯрои олии исломии Ироқ дар Теҳрон ҳазорон эронӣ, аз ҷумла вазири хориҷаи Эрон ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG